​Маҳфили эҷодии “Калиди дари ганҷ”

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё маҳфили эҷодии “Калиди дари ганҷ” баргузор гардид. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи логопедон, ки ҳамасола 14 ноябр қайд мешавад, роҳандозӣ шуд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ихтисоси “Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ” иштирок намуда, маърӯзаи илмӣ ироа ва шеърҳои мазмуннок қироат намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур лаҳзаҳои кори логопед намоиш дода шуда, меҳнати дастии донишҷӯён муаррифӣ шуд. Чорабинӣ бо суруди ҷамъбастии дастпарварони мактабҳои махсуси таълимӣ хотима ёфт.

Маҳфилро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шаропов Шавкат ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиёни маҳфил, ғолибони озмунҳои “Газетаи беҳтарин”, “Эссеи беҳтарин”, ки бахшида ба Рӯзи логопедон гузаронида шуда буданд, сипосномаву тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ