​Маҳфили “English sрeaking club”

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар доираи “Ҳафтаи забони англисӣ” маҳфили “English sрeaking club” таҳти унвони “Halloween and Thanksgiving Day” гузаронида шуд. Мақсади асосии гузаронидани чорабинии мазкур ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, шинос шудан бо фарҳангу анъана ва ҷашну маросимҳои мардуми англисзабон мебошад.

Дар чорабинии мазкур декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева ва устодони факултет иштирок доштанд.

Донишҷӯён дар рафти чорабинӣ оид ба идҳои англисзабонон “Halloween ва Thanksgiving Day” бо забони англисӣ маълумотҳо доданд, ки барои инкишоф додани маҳорати ҳарфзанӣ бо забони англисӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ сурудҳо, саҳначаҳо аз урфу одати мардуми англисзабон намоиш дода шуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ