Маҳфили “Чароғи ҳидоят”: “Рушди соҳаи телекоммуникатсия ва иқтисодиёти рақамӣ”
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” ва нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ маҳфили “Чароғи ҳидоят” таҳти унвони “Рушди соҳаи телекоммуникатсия ва иқтисодиёти рақамӣ” баргузор гардид.
Маҳфилро роҳбари маҳфил дар факултет Усмонов ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо барномаи маҳфил шинос намуданд. Аз рӯи барномаи маҳфил дотсентон Низомиддинов, Раҳимов ва Сайдуллоев баромад карда, доири мавзуъҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва телевизиони рақамӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа карданд.
Аз тарафи донишҷӯён қироати шеър ва саҳначаи тарбиявӣ пешниҳод гардид.
Маҳфили “Чароғи ҳидоят” бо табодули афкор ва суолу ҷавоб анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил