Маҳфили “Чароғи ҳидоят” бахшида ба бузургдошти Саъдии Шерозӣ
Дар толори факултети филологияи ӯзбек маҳфили навбатии “Чароғи ҳидоят” таҳти унвони “Саъдии Шерозӣ пайғамбари ғазал ва муаллими ахлоқ” баргузор шуд.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси кафедраҳои адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он, кафедраи филология ва методикаи таълими он, бахшида ба бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ доир гардид.
Чорабиниро декани факултет, дотсент Ҷабборов Баҳром ифтитоҳ намуда, аҳамияти баргузории маҳфилро дар рушди маърифати адабӣ ва ахлоқии донишҷӯён таъкид намуд.
Меҳмони маҳфил, дотсент Саидмуҳаммад Олов дар суханронии худ маҳфили доимоамалкунандаи “Чароғи ҳидоят”-ро аз ташаббусҳои судманди донишгоҳ номид.
Дар идомаи маҳфил таҳти унвони “Саъдӣ ва адабиёти ӯзбек” дотсенти кафедраи филологияи ӯзбек ва методикаи таълими он Суюнов маърӯза ироа карда, саҳми Саъдиро дар таҳкими адабиёти ӯзбек баррасӣ намуд.
Ҳамчунин донишҷӯён намунаҳо аз ашъори ноби Саъдӣ қироат намуда, фазои илҳомбахши чорабиниро ғанӣ гардониданд.
Омӯзгори кафедраи филология ва методикаи таълими он Ҳакимова дар мавзуи “Саъдӣ сарояндаи панду ахлоқи ҳамида” ибрози андеша намуд.
Дар фарҷоми маҳфил дотсенти кафедраи забони ӯзбек ва методикаи таълими он Раҳмонқулов сурудҳои дилнишин аз ашъори Саъдӣ манзур намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил