Маҳфили “Ҷамъи хубон”: «Сарчашмаи хушбахтии ҷамъият-оила»
Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони «Сарчашмаи хушбахтии ҷамъият-оила» маҳфили “Ҷамъи хубон” доир гардид. Дар маҳфил бонувон ва донишҷӯдухтарони факултет иштирок намуданд.
Декани факултет Хайриҷон Ҷӯраева маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз онро таҳкими маърифати оиладории донишҷӯдухтарон унвон намуд.
Дар идома дотсент Дадобоева Мавлуда перомуни мавзуи маҳфил маърӯза намуда, таъкид дошт, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақшҳо ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад. Ҷомеа бе оила вуҷуддошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷомеа аст.
Зикр гардид, ки масъулияти оила ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ дар раванди ба камол расидани насли солими ояндасоз, бедор намудани ҳисси ватандӯстию инсондӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ,ба таълимутарбия фаро гирифтани насли наврас, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бузург аст.
Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯдухтарон шеъру саҳнаҷаҳои ҳаҷвӣ иҷро карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил