Маҳфили “адибони ҷавон” дар факултети забонҳои шарқ
Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ишқ ва ҷавонӣ” маҳфили навбатии “Адибони ҷавон” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Хизралии Аъзамшоҳ, роҳбари маҳфил, шоири ҷавон Меҳровари Мастчоҳӣ, шоири ширинкалом Нодира Назарӣ ва дигар шоирону адибони навқалам ширкат варзиданд.
Садорати факултет меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас Хизралии Аъзамшоҳ оид ба фаъолияти маҳфили “Адибони ҷавон” сухан намуда, нақши барҷастаи маҳфилро дар тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод, хусусан шоирон ва адибони ҷавон қайд кард.
Дар идома шоирони ҷавон аз эҷодиёташон намунаҳои шеъри қироат намуда, нависандагони ҷавон якчанд ҳикояҳои навиштаашро ба самъи донишҷӯёни факултет расониданд. Дар рафти маҳфил бо адибони ҷавон аз тарафи донишҷӯёни факултет суҳбат барпо карда шуд ва донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Маҳфили “Адибони ҷавон”-ро бо сурудҳои дилнишини худ донишҷӯйи Коллеҷи санъатиба номи Содирхон Ҳофиз Идрисхон Бобоев ҳусни дигар бахшид.
Маркази иттилоот ва таҳлил