Маҳфил: Таърихи пайдоиши муносибатҳои андозӣ

Дар факултети иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва андоз, маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Хонишҳои Насруддини Тӯсӣ” бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ташкил ва баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Манзура Нуриддинова ба кори маҳфил оғоз бахшида, аз ҳадафҳои он ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ташкилу баргузории чунин маҳфилҳоҷавононро дар рӯҳияи илмандӯзӣ, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия менамояд. Декани факултет дар идома перомуни таърихи донишгоҳ ибрози назар намуда, афзуд, ки ин боргоҳи маърифат ба хоҷагии ҳалқи кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, иқтисодӣ, барномасозӣ, забономӯзӣ ва дигар мутахасисони касбӣ саҳми назаррас гузошта меояд.

Сипас, мудири кафедраи молия ва андоз дотсент Сайидмуродхон Мамадов баромад намуда, иштирокчиёни маҳфилро ба муносибати 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табрик намуда, қайд кард, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи донишгоҳ ин омода намудани мутахасисони соҳавӣ ба ҳисоб меравад, ки баргузории маҳфилҳои илмӣ дар ин ҷода аҳамияти калон доранд.

Ҳмчунин, як гурӯҳ донишҷӯён дар мавзуъҳои “Таърихи пайдоиши муносибатҳои андозӣ”, “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Назарияи андозбандии меркантилизм”, “Нақши низоми буҷету андоз дар таҷрибаҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон” ва “Асосҳои математикаи молиявӣ” бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст донишҷӯёни фаъол аз ҷониби садорати факултет қадршиносӣ карада шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ