​Маҳфил: Шарораи илм

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология маҳфили илмии “Шарораи илм” таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он М.Дадобоева бо донишҷӯёни гурӯҳи 303 баргузор гардид.

Нахуст, дотсент М.Дадобоева баромад намуда, перомуни нақши маҳфил дар пешбурди корҳои илмии донишҷӯён ҳарф зад.

Сипас, Шарифзода Шоҳоналӣ - донишҷӯи гурӯҳи 303 дар мавзӯи “Инкишоф додани тасавуроти хонандагон дар бораи соҳибкорӣ ва низоми муносибатҳои бозорӣ дар дарси технология (таълими меҳнат)” маърӯза намуд. Зикр шуд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ танҳо бо дониш мусаллаҳ метавонем дар бозори меҳнат рақобатпазир бошем. Дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили мавриди назар моҳе як маротиба ташкил ва баргузор карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ