​Маҳфил: Нест бод зӯроварӣ, нест бод хушунат!

Тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯрои занон ва бонувони факултети забонҳои шарқ нишасти навбатии маҳфили маърифатӣ ва ахлоқии “Асрори саодат”чорабинии бошукӯҳ, таҳти унвони “Нест бод зӯроварӣ ва хушунат” бахшида ба ҷамъбасти“Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар доираи 16 рӯзи алайҳи хушунат мафҳум ва навъҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, саҳнаҳои тарбиявииинъикоскунандаи шаъну шарафи поки зан, манзалати модар ва ташкили оилаи солим бидуни хушунат аз тарафи донишҷӯён хеле моҳирона нишон дода шуд.

Ҳамчунин дар маҳфил аз тарафи донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан, муқаддас доштани оила қироат гардиданд.

Навори видеоӣ доир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи хушунат нисбати занон ва духтарон ва мувозинати гендерӣ ба намоиш гузошта шуд.

Сипас, таҳти шиори “Нест бод зӯроварӣ, нест бод хушунат!” донишҷӯён фикру андешаҳои хешро нисбати ин мавзуъ иброз доштанд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ раиси занон ва бонувони донишгоҳ, Гулбаҳор Султонова ва намояндаи бахши кор бо занон ва духтарон Нодира Мирзозода баромад намуда, даъват ба амал оварданд, ки насли имрӯзаи миллат, хосатан ҷавондухтарон ҳаёти осоиштаву солимро зери роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ