​Маҳфил: Конститутсия таҳкимбахши пойдевори навини давлатдории тоҷикон

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таҳти роҳбарии Пиров Ҳоҷибой маҳфили илмии доимоамалкунандаи “Омӯзгори оянда” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Гулшан Ҳошимова ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, аз ҳадафҳу маромҳои маҳфил ёдовар шуд. Баргузории чунин маҳфилҳо ҷиҳати омода намудани омӯзгорони оянда ва баланд бардоштани донишҳои сиёсии донишҷӯён муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамчунин мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, дотсент Шоира Вализода ташкилу баргузории маҳфилро дар баланд ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён муфид маънидод намуд.

Сипас маърӯзаи илмии дотсент Сафар Эркаев дар мавзуи “Конститутсия таҳкимбахши пойдевори навини давлатдории тоҷикон” шунида шуд. Гуфта шуд, ки қабули ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат замина гузошт.

Дар идома донишҷӯи курси 5, ихтисоси логопедия ва таҳсилоти ибтидоӣ Нодира Бобоева дар мавзуи “Нақш логопедиядар ташкили корҳои ислоҳии хонандагони хурдсолмаърӯза ироа намуд.

Дар интиҳо миёни иштирокчиён перомуни мавзуҳои баррасишуда мубодилаи афкор ҷаран гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ