​Маҳфил: Дурдонанигори наср

Таҳти ин унвон дар толори маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмӣ – адабӣ бахшида ба 80-умин солгарди Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзо баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, нависандагону адибони вилоят, устодон, донишҷӯён ва мухлисони осори арзишманди нависанда сарҷамъ омаданд.

Маҳфилро мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, профессор Замира Ӯлмасова ҳусни ифтитоҳ бахшида аз мақому манзалати Кароматуллоҳи Мирзо дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуд. Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб дар хусуси осори арзишманди нависанда ҳарф зада, саҳми ӯро дар рушду инкишофи адабиёти навини тоҷик басо назаррас арзёбӣ намуд. Тибқи барномаи маҳфил мусоҳибаи озоди нависанда бо дотсент Баҳром Мирсаидов баргузор гардид, ки ҳозирин аз суҳбати онҳо ҷаҳони маънӣ бардошт намуданд. Инчунин, дар маҳфил устод Аюби Кенҷа низ ширкат варзида, хотираҳои худро дар бораи носири барҷастаи адабиёти навини тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо баён намуд.

Дар бахши адабиву фарҳангии маҳфил суруду оҳангҳои дилнавоз, рақсҳои зебо, саҳна аз асари нависанда аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва санъати донишгоҳ таҳти роҳбарии Умар Алиев намоиш дода шуд.

Маҳфил дар сатҳи баланди илмиву адабӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ