МАҲФИЛ: «ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ»
Таҳти чунин унвон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳфили илмию амалӣ бо иштироки васеи донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории маҳфил баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён нисбат ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ унвон мешавад.
Ин навбат маҳфил байни донишҷӯён тариқи озмун аз рӯи 3 шарт – иҷрои тест бо истифода аз барномаи Plickers, кор бо тахтаи интерактивӣ, дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳои виросторони коркарди матнӣ гузаронида шуд.
Таъкид гардид, ки барои таъмини шаффофияти озмун ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба таъсис дода шуда, ғолибон – Файзулло Бобоҷонов (ҷойи 1-ум), Фараҳноз Кенҷаева (ҷойи 2-юм) ва Меҳронахон Назирҷонзода (ҷойи 3-юм) бо ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарии маҳфилро дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ҳусейнбой Аҳмедов ба уҳда дошта, он ҳар моҳ мунтазам дар факултетҳои Донишгоҳ сурат мегирад.
Маркази иттилоот ва таҳлил