​Қувваҳои муссалаҳ - муҳофизи оромӣ ва Ваҳдати миллӣ

Бо ташаббуси кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризм ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Ибтикори мазкур таҳти унвони “Қувваҳои муссалаҳ - муҳофизи оромӣ ва Ваҳдати миллӣ” роҳандозӣ гардида, дар доираи маҳфили “Ҷавонони ояндасоз” сурат гирифт.

Абдухолиқзода Музаффар, декани факултети геоэкология ва туризм дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сокинони кишвар ва ҳифзи марзу буми Ватан ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро карда меоянд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ шеърҳои пурмуҳтаво қироат гардида, саҳнаҳои баландмазмун ба намоиш гузошта шуданд, ки ҷолиб ва диданӣ буданд.

Ба ҷавонон таъкид шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, сипари боэътимоди Ватан маҳсуб меёбад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ рисолат, қарз ва вазифаи ҷавонон унвон шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи амният ва манфиати миллӣ саҳмгузор бошанд.

P.s. Феълан ба ин монанд чорабиниҳо бо ташаббуси кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризм идома дошта, ҳадаф аз он таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарғиби арзишҳои милливу давлатӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ