Қутбнамои саодату созандагӣ ва бунёдкориҳои навбатӣ

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд. Бешак, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро барои соли оянда муайян намуда, ба таҳкими истиқлолият, суботи сиёсӣ ва беҳбудии иҷтимоии шаҳрвандон равона шудааст.
Сокинони Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024, Паёми навбатии Раҳбари кишварро шуниданд, Паём дар бинои нави Парламент пешниҳод гардида, Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро барои соли оянда муайян намуда, бешубҳа, барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа дастури амал маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакат зимни суханронии хеш ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодиёт, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Масъалаҳои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи муҳити зист ба таври бояду шояд таҳлилу баррасӣ гардид.
Воқеан, дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг боиси хушнудиву ифтихор аст.
Президенти мамлакат зарурати ислоҳоти минбаъдаро дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус маориф ва иқтисодиёт таъкид намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дигарро ёдрас шуданд. Дастовардҳои кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ низ шоистаи зикр аст.
Боиси хушнудиву дастгирист, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шуд. Албатта, ин омил ба пешбурди иқтисоди рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ, таъмини амнияти киберӣ, ташаккулу инкишофи соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ мусоидат хоҳад кард.
Баҳри самараи бештари ин иқдоми созанда аз ҷониби Президенти кишвар дастур дода шуд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода, ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода шавад. Ташкили факултаю кафедраҳои дахлдор дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ аз навиди фараҳбахши Паёми имсола мебошад.
Пешвои муаззами миллат рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, ва энергетикаро махсус ёдрас шуда, таъкид намуданд, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ қариб ду баробар афзоиш ёфта, беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо таъкиди дастовардҳои самти энергетика, бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ, Сарвари давлат супориш доданд, ки дар соли 2025 лоиҳаи "Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ" таҳия ва пешниҳод гардад.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмон ба анҷом расонида шудаанд. Сарвари давлат қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.
Дар ин робита қайд кардан бамаврид аст, ки моҳи ноябри соли 2024 бо ташаббуси раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳайати бонуфузи рӯзноманигорони кишвар ба НБО “Роғун” сафар намуда, бо рафти сохтмони ин иншооти муҳими аср ошно шуданд ва хабару гузориш ва сафарномаҳо аз вазъи сохтмони нерӯгоҳ дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва берун аз он нашр шуданд.
Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, дар ин раванд саҳми сокинону соҳибкорони кишвар низ назаррас аст. Таъкид гардид, ки бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи сифати роҳҳо 6 зина баланд гардида, ба зинаи 44-ум баромадааст.
Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии хеш ба равнақи кишоварзӣ дар кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд, дар Паёми имсола низ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва камобӣ, Президенти кишвар дастур доданд, ки тамоми имкониятҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар карда шаванд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дорад, бо таъкиди ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат зикр шуд, ки дар панҷ соли охир маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба, дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст. Зимни ироаи Паёми имсола низ Сарвари давлат дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз санаи 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин падидаи фараҳбахш кулли сокинони мамлакатро рӯҳбаланд намуда, ба меҳнатҳои пурсамару суботкорона ҳидоят менамояд.
Ҳукумати мамлакат аз оғоз ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад ва дар ин самт замони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёд амалӣ шуда, таълиму тарбияи дурусти насли созанда ҳадафи нахустини давлат аст. Сарвари давлат бо зикри дастовардҳои соҳа ишора намуданд, ки ба масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. Тақвияти дастовардҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин раванд муҳим арзёбӣ шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки соли 2024-ум Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот доир карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро бозгӯ ва баррасӣ намуда, дар ин самт супоришҳои қатъӣ дода буданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи бесобиқа намуда, ин амал ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бетаъсир набуд.
Дар бештар аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ сохта ба истифода додани Китобхонаи миллӣ бо чиҳил миллион махзан, таъсиси чандин шабакаҳои махсуси телевизионӣ, таъмиру азнавсозии беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ дошта, таъсиси Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз пуштибонии давлат аз фарҳангу тамаддуни миллат гувоҳӣ медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Ин суханон мо, фарҳангиёнро бештар аз пештар муваззаф месозад, ки дар ҷодаи баланд бардоштани маънавиёт ва ҳисси миллии шаҳрвандон, муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ масъулияти бештар зоҳир намоем.
Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, барои таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки барои мо, шаҳрвандон қутбнамои саодату созандагӣ ва бунёдкориҳои навбатӣ мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА