​Курси такмили ихтисос – кафили таъмини сифати таълим

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи ихтисосоҳои технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ курси такмили ихтисос оғоз гардид. Ба ташаббуси мазкур 20 нафар омӯзгорон ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур мутахассиси Донишкадаи такмили ихтисоси муассисаҳои олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мансуров, сардори раёсати таълими донишгоҳ, дотсент Сабуриён Муҳиддин ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ, дотсент Пӯлотов Назирҷон иштирок намуда, дар мавриди мақсад ва тартибу реҷаи курс маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки курси мазкур дар доираи шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо Донишкадаи такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамасола наздик 20% аз шумораи умумии омӯзгорони донишгоҳ ба ин ташаббус ҷалб мешаванд.

Интизор меравад, ки курси такмили ихтисос то 25 январи соли 2023 идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ