​КУМИТАИ ТАДОРУКОТ: ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ – ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲО

Дирӯз дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо Лутфия Абдухолиқзода таъкид кард, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти махсус дорад.

Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ, ҷалби довталабон ва муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал омодагии ҳамаҷониба дида, дастовардҳои худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Қайд гардид, ки Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ рӯзҳои 9-10 апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Интизор меравад, ки чорабинӣ бо иштироки васеи донишгоҳҳои хориҷӣ ва довталабон баргузор гардида, ба рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

Дар ҷамъбаст ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин изҳор намуд, ки баргузории Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд таъмин гардида, он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва густариши имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ