Корномаи шахсияти тавоно

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоро устодону кормандон донишгоҳ хуш истиқбол намуданд.

Дар ин ҷамъомад, муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир аҳли нишастро бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳамзамон таъин гардидан ба ҳайси муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Мавсуф таъкид дошт, китаваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти соҳаи маориф нигаронида шуда, дар ин самт интихоби ҷобаҷогузории кадрҳои шоиста аз муҳимтарин тадбирҳои Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар идома ҳайати профессорону устодон фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро таҳти роҳбарии профессор Ҷамшед Ҷӯразода назаррасу намунавӣ ва ибратпазир арзёбӣ намуда, аз сатҳу сифати баланди таълим ва мавқеи сазовор пайдо кардани он байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриро шоистаи таҳсин хонданд.

Сипас, профессор Абдусаттор Абдуқодиров ба сухан баромада, аз фаъолияти пурсамари Ҷамшед Ҷӯразода дар давоми роҳбариаш ибрози назар намуда, мактаби роҳбарӣ ва кордониву инсонгароии ӯро намунаи ибрат хонд. Номбурда афзуд, ки дар панҷ соли роҳбарии Ҷамшед Ҷӯразода сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ боло рафта, як муҳити солим ва шароити хуби корӣ барои устодон фароҳам оварда шуданд.

Профессор Матлубаи Мирзоюнус низ, саҳми Ҷамшед Ҷӯразодаро дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди ҳамкориҳои илмии донишгоҳ бо муассисаҳои ватаниву хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар давоми панҷсолаи охир 13 рисолаи докторӣ, 132 рисолаи номзадии устодон дифоъ гардида, беш аз 650 номгӯ асару дастур ба нашр расиданд, ки натиҷаи меҳнату талош ва заҳмати ҷомеаи донишгоҳ таҳти роҳбарии профессор Ҷамшед Ҷӯразода мебошад.

Ҳамчунин, профессор Шавкат Шаропов ва дигарон аз роҳбариву кордонӣ ва инсондӯстии Ҷамшед Ҷӯразода ёдовар шуданд.

Дар давраи ректории Ҷамшед Ҷӯразода теъдоди факултетҳо аз 16 ба 18 адад, шумораи донишҷӯён аз 20600 нафар ба 24272 нафар, номгӯи ихтисосҳо аз 77 ба 99 адад расида, дар ин давра ҳамчунин музди маоши кормандон аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 50% баланд бардошта шуд. Шумораи магистрантон аз 197 нафар ба 549 нафар, докторантон аз 79 ба 106 нафар, дарсҳои кушод аз 385 ба 833 адад расонида шуданд, ки бозгӯи натиҷаи фаъолияти пурсамари Ҷӯразода Ҷамшед мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ