​Корнамоиҳои халқи тоҷик баҳри Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юм, гурӯҳи 205 ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣбо иқдоми кафедраи технология ва методикаи таълими он дарфакултети санъати тасвирӣ ва дизайн хониши сиёсӣ доир гардид.

Хониши сиёсӣ ба мавзуи “Корнамоиҳои халқи тоҷик баҳри Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (бахшида ба рӯзи Ғалаба)” бахшида шуд.

Дар чорабини аҳли ҷомеаи факултет бо роҳбарии декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор ҷони худро баҳри озодии Ватан-модар аз фашизм нисор намуданд. Мардонагиву садоқати сарбозони тоҷик дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дода шуда, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд, ки боиси ифтихори халқи тоҷик аст. Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ