​Корбурди санъатҳои бадеӣ

Бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар доираи кори семинар мафҳумҳои “мад”, “ташдид”, “сокин” ва бархӯрди садонокҳо дар забони арабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, аз ҷониби як қатор устодони кафедра доир ба мавзуъҳои “Корбурди санъатҳои бадеӣ дар насри ахлоқии асри XIV” ва “Корбурд ва вежагиҳои синтаксисии ҳол дар забони арабӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.

Хотиррасон мекунем, ки семинари мазкур дар доираи ҳафтаи илм ташкил гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ