Конститутсия ва ҳадафҳои таърихиву созандаи он
Санаи 4-уми ноябри соли равон дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ бахшида ба солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва ҳадафҳои таърихиву созандаи он» бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Ин китоби сарнавиштсоз таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Сипас, дотсент Киромиддин Мухторов – мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи “Масоили риояи қоидаҳои забон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза ироа намуд. Мавсуф дар баромадаш доир ба масаъалаҳои хитобу даъватҳои умумӣ ва истилоҳоти духӯра, риояи талаффузу истилоҳот дар Конститутсияро мавриди баррасӣ қарор дод.
Абдукарим Ҷамолиддинов – сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи “Заминаҳои таърихӣ ва иҷтимоии таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ғайратҷон Юсупов – муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар мавзӯи “Конститутсия – санади олии сиёсиву ҳуқуқии давлатдории миллии тоҷикон” баромад намуданд. Маърӯзачиён қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳама шаҳрвандон буда, меъёрҳои он барои эҳтироми тамоми аъзои ҷомеа заминаи мусоид гузоштааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил