​Конститутсия – шиносномаи миллат

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣбахшида ба 30-солагии таъсисёбии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – адабӣ таҳти унвони Конститутсия – шиносномаи миллат бо иштироки номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсентМухторов Киромиддин баргузор шуд.

Мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Ғоибов чорабиниро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати 30-юмин солгардии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Дотсент Киромиддин Мухторов таъкид дошт, ки Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд.

“Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад ” – зикр шуд зимни чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ