Конститутсия - шиносномаи миллат: таърихи қабул ва мазмуну моҳияти он
Таҳти чунин унвон дар кафедраи электроникаи факултети физикаю техника бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки декани факултети физикаю техника, дотсент Абдумалик Қаюмзода, сармуаллими кафедраи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ Саидқул Маҳкамов, ва ҳайати устодону донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия- шиносномаи давлат” баргузор гардид.
Мудири кафедра З.Юсупов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз таърихи қабули ин санади муҳим ёдовар шуд. Абдумалик Қаюмзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошт.
Баъдан, Саидқул Маҳкамов дар маърузаи “Конститутсия- шиносномаи миллат: таърихи қабул ва мазмуну моҳияти он” баромад намуд. Мавсуф афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Дар интиҳои миёни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор ҷараён гирифт.