Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” чорабинии илмӣ доир шуд. Чорабинии мазкур бо иштироки донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил мешавад. Зеро қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро тимсоли шаҳкитоби раҳнамоест, ки бо қутбҳои он ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.
Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба мустақилият буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён оид ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, дар бораи муҳтаво ва мазмуни модда ва бобҳои Конститутсия маълумот манзур намуда, шеърҳо қироат намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил