​Конситутсия ва дурнамои рушди Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо идома дорад. Давоми ҳафтаи равон дар факултети забони хориҷӣ як қатор чорабинӣ доир гардид. Аз ҷумла, бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ таҳти унвони “Конститутсия –бахтномаи миллат” чорабинӣ ба роҳ монда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфта, дар доираи он доир ба таърихи қабул ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо шунида шуд.

Барномаи фарҳангӣ дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшид.

Ҳамзамон, бо ташаббуси кафедраи грамматикаи забони арабӣ дар факултети забонњои шарқ, дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тањти унвони “Бахтномаи миллат” чорабинии тарбиявї ва дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик таҳти унвони “Конситутсия ва дурнамои рушди Тоҷикистон” конфронси илмӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин чорабиниҳо таъкид рафт, ки Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади олии ҳуқуқӣ ва қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ