​Консититутсия- санади худшиносӣ ва бахтномаи миллат

Ин унвони маҳфили илмӣ-амалӣ буд, ки дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо иқдоми Шӯрои вилояти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир шуд.

Маҳфили мазкур бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи маҳфил Мирпочоева Мавҷуда, мушовири калони Шӯрои вилоятии Ҳаракатии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Миркамолов Махкам, корманди Шӯрои вилоятии Ҳаракатии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихӣ ватан ва археология, Мухторзода Киромиддин, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Рисолат ва таъиноти Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Консититутсия - заминаи ислоҳоти сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз мавзуъҳое буданд, ки дар доираи ин маҳфил перомуни он маърӯза шунида ва баррасӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ