Консепсияи рушди сифати таҳсилот дар амал

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштанисатҳусифати таълим ва такмили усулҳои санҷиши донишимуҳассилин пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Мусаллам аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун дараҷаи мувофиқати сатҳи маърифатнокӣ ва тайёрии мутахассис ба сатҳи талабот оид ба азхудкунии барнома ё стандарти муайяни таълимӣ, мувофиқати мутавозини маърифатнокӣ ва тайёрии мутахассис ба талаботи мухталифи шахсият, ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад. Идоракунии сифати таҳсилот бошад, ин таҳия ва татбиқи чунин маҷмӯи чорабиниҳост, ки имконият фароҳам меоварад, то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба сатҳи сифатнокии баланд расонида шавад ва мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро бо талаботи истифодабарандагони он таъмин созад. Дар ин замина чандепеш “Консепсияи рушди сифати таҳсилот” - и донишгоҳ зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба нашр расид. Мақсади асосии қабули “Консепсияи рушди сифати таҳсилот” ин роҳандозии механизми ягонаи баҳодиҳӣ ва назорати ҳолати таҳсилот дар донишгоҳ, муайян намудани омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасонанда ва дастрас намудани маълумоти воқеӣ оид ба ҳолати сифати таҳсилот, тамоюли тағйироти он дар донишгоҳ маҳсуб меёбад. Инчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот нақшаи пешбурди чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Консепсияи мазкур таҳия гардидааст.

Консепсияи рушди сифати таҳсилот сиёсатиягонаи донишгоҳро дарсамти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дарзинаи мувофиқи таҳсилотмуқаррар менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ