​Конфронси ҷамъбастии донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ конфронси ҷамъбастии донишҷӯён-таҷрибаомӯзони ихтисосҳои гуногун баргузор гардид. Дар конфронс донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси психология, курси панҷуми ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, равоншиносии амалӣ ва олигофренопедагогика ширкат варзида, бо маърӯзаҳои худ натиҷаи таҷрибаомӯзии хешро пешниҳоди иштирокдорон карданд.

Таҷрибаомӯзон дар маърӯзаҳои худ донишҳои назариявиро бо амалия муттаҳид намуда, таҷрибаи андӯхтаашонро бо истифода аз суратҳо ва маводи муаррифӣ тасдиқ намуданд. Ин раванд на танҳо малакаҳои касбии онҳоро такмил дод, балки фаҳмиши амиқтари талаботи бозори меҳнатро таъмин кард.

Таҷрибаомӯзӣмарҳилаи муҳими раванди таълим дар донишгоҳ буда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намоянд, малакаҳои амалӣ ва касбиро инкишоф диҳанд, шабакаҳои касбӣ ташаккул диҳанд, имконияти беҳтари дарёфти ҷойи корро соҳиб шаванд.

Таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзӣ ҳамчун як унсури асосии раванди таълим барои омода кардани мутахассисони соҳибкасб нақши калидӣ мебозад. Таҷрибаомӯзон зикр карданд, ки ин марҳила ба онҳо дар рушди малакаҳои худтанзимкунӣ, ҳамкорӣ бо ҳамкасбон ва омӯзгорон ва дарки амиқтари зарфиятҳои касбии худ кӯмак кардааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ