Конфренсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати 90 солагии донишгоҳ

Бо чунин унвон дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳайати роҳбарият ва меҳмонон дар саҳни даромадгоҳи бинои Кохи Суғдиён аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯён дидан намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба аҳли ҳузур ҷиҳати ташриф ва иштирок дар конференсия изҳори миннатдорӣ намуда, сухани нахустинро ба муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ вогузор намуд.

Муовини Раиси вилоят дар мавриди заминаҳои таъсис ва ташаккули Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сухан намуда, аз саҳму нақши устодон дар тайёр кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибтахассус зикр кард.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо барои сокинони шимоли мамлакат, балки ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва донандагони хуби асрори илм дар қаламрави Тоҷикистон аз аҳамият ва обрӯву нуфузи хос бархурдор аст.

“Парвардагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз академик то муовини вазиру ходимони маъруфи ҳизбию давлатӣ ва шоирону нависандагони номӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун хидмати шоиста анҷом дода меоянд. Аз хатмкардагони шоистаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин ҷо метавон аз номи 7 нафар академикони машҳуру маърифи халқи тоҷик дар мисоли Пӯлод Бобоҷонов, Юсуф Носиров, Нуъмон Неъматов, Эшонқул Нуъмонов, Иброҳим Обидов, Носирҷон Салимов ва Низомиддин Зоҳидзода хотиррасон гардид, ки ифтихори донишгоҳ ва таҳкимбахши обрӯву эътибори ин махзани пуриқтидори маърифат маҳсуб меёбанд” – афзуд Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилоят.

Марҳилаҳои рушди донишгоҳ ва дастовардҳои назарраси ҷомеаи меҳнатӣ дар суханронии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баён шуда, саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таъмини пешрафти илму маорифи мамлакат мавриди таъкид қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми мавҷудият бо тарбияи олимону муҳаққиқони варзида тавонист ба маркази табодули афкору андеша, муассисаи созандаи назарияҳои солими илмӣ ва тадқиқоту кашфиёти тоза, дар умум ба як боргоҳи пуриқтидори маърифат мубаддал гардад.

Дар идома барои хидматҳои шоиста дар рушду пешрафти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 11 нафар устодони донишгоҳ бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз шуданд.

Дар қисмати барномаи фарҳангӣ дар иҷрои устодону донишҷӯён композитсияи мусиқӣ ва лавҳаи наворӣ доир ба набзу фаъолияти сохтор ва факултетҳои донишгоҳ намоиш дода шуд, ки ба кори конференсия мазмуни баландтар эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 1932 чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти олии педагогии шаҳри Ленинобод) таъсис ёфта, давоми 90 соли фаъолият ба дастовардҳои шоиста ноил гардид.

Феълан дар донишгоҳ 18 факултет, 82 кафедра, 99 ихтисос амал намуда, ҳайати устодони соҳибунвони донишгоҳ беш аз 52,1% ва шумораи донишҷӯён зиёда аз 24 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ