Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Инсони комил ва забоншиноси беназир”
Санаи 17-уми декабри соли равон дар толори раёсати донишгоҳ бахшида 80-солагии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров устоди зиндаёд Абдуқодир Зоҳидов конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Инсон комил ва забоншиноси беназир”, баргузор гардид. Дар конференсия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ректори донишгоҳ, ҳамкорону дӯстон ва аҳли пайвандони устоди суханвар ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед ба кори конфронс ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки дотсент Абдуқодир Зоҳидов муҳақкиқи варзидаи риштаи забоншиносӣ буда, дар умри пурбаракати худ бо дарки эҳсосу масъулият ва рағбати тамом ба шогирдон илми забон омўзонида, пайваста дар андешаи такмили дониш, ташаккули тафаккури шогирдон буданд. Дар тўли фаъолияти беш аз 50-солаи меҳнатӣ масоили таълиму тарбияи шогирдон, ҷустуҷў ва дарёфти усулҳои тозаву самарабахши таълим мавриди назар ва таваҷҷўҳи ҳамешагии устоди равоншод қарор дошт.
Ҳамзамон дотсент, декани факултети филологияи тоҷик Тиллохӯҷаева Муҳаббат дар мавзӯи “Назаре ба рӯзгори забоншинос-методист, дотсент Абдуқодир Зоҳидов” баромад намуда, оид ба фаъолияти омӯзгории устод, мақолаҳои илмию тадқиқотии забоншиносӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва хусусиятҳои меҳнатдӯстиву дақиқкории устоди марҳум ишораҳои амиқу дақиқ кард.
Олимҷонов Мусо дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ зери мавзӯи “Муруре ба хидмати дотсент Абдуқодир Зоҳидов барои забоншиносии тоҷик” маърӯза пурмӯҳтаво ироа намуд.
Дӯстону ҳамкорони устод профессор Файзуллоев Н. ва профессор Шавкат Шаропов аз хотироти худ бо забоншинос А. Зоҳидов ёдоварӣ намуда, андаке бошад ҳам, рӯҳу равони устодро дар байни ҳозирин зинда гардониданд.
Раёсати донишгоҳ дар арафаи таҷлили 80-умин солгарди мавлуди дотсент А. Зоҳидов маҷмӯае таҳти унвони “Пайванди сухан” таҳия ва нашр намуд, ки тӯҳфаи арзандаест ба ҳамаи ҳамкорону шогирдон ва пайвандону муҳиббони устоди зиндаёд.
Дар маҷмӯаи мазкур мунтахаби мақолоти илмии дотсент Абдуқодир Зоҳидов ва меҳрномаву ёдномаи ҳамкорону шогирдон ва пайвандони устод гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа аз панҷ қисмат иборат буда, дар қисмати аввал мунтахаби мақолаҳои илмии А. Зоҳидов гулчин шуда, дар қисмати дуввум меҳрнома, дар қисмати сеюм ёднома, дар қисмати чаҳорум тақризҳо ва дар қисмати панҷум мухтасари осорномаи дотсент А.Зоҳидов ҷой гирифтааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Зоҳидов Абдуқодир Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров - аз чеҳраҳои шинохта ва маъруфи маорифи кишвар ва бахусус вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки беш аз ним қарн дар самти тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат сарбаландона хидмат намудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил