Конференсияи илмӣ-амалии муаррихон
Дар кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияро декани факултет, номзади илми таърих Иброҳим Ҷабборов ифтидоҳ бахшида, доир ба мавқеъ ва саҳми муаррихони донишгоҳ дар рушду нумӯи илми тоҷик сухан ронда, зикр дошт, ки баҳри тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар донишгоҳ тадбирҳои судманд андешида шуда, таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Номбурда илова намуд, ки имрӯзҳо 20 аспиранту унвонҷӯ, 3 докторанти PhD, 21 магистранти факултет ба таълифи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ ва магистрантӣ машғуланд.
Сипас, устодону донишҷӯён атрофи масоили илми таърих ва дастовардҳои муаррихони даврони соҳибистиқлолӣ мубоҳиса намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил