КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Дар факултети санъати Донишгоҳ ба муносибати 50-солагии фаъолияти илмиву эҷодии профессор Султоналӣ Худойбердиев конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.


Конференсия таҳти унвони «Рушди мусиқии суннатӣ дар даврони Истиқлол» бо иштироки доираи васеи олимону ҳунармандон ва мутахассисони соҳа, аз ҷумла раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбеки Мусо, муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Абдурасул Исмоилов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Мастона Эргашева, дотсенти ҳамин муассиса Сироҷиддин Ҷӯраев, инчунин намояндагони сохторҳои давлатӣ ва устодону донишҷӯён сурат гирифт.
Конференсияро муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, аҳаммияти рушди фарҳанг, аз ҷумла мусиқии суннатиро дар шароити муосир таъкид кард. Ҳамзамон, сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода суханронӣ намуда, нақши санъати миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикро муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлол фарҳанг ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки мусиқии суннатии тоҷик, аз қабили Шашмақом ва Фалак ҳамчун мероси бебаҳои фарҳангӣ на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст.
Ҳамзамон, дар доираи конференсия фаъолияти илмиву омӯзгории профессори кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Наимҷон Ҳакимов - Султоналӣ Худойбердиев таъкид гардида, саҳми ӯ дар омӯзиш ва таҳқиқи мероси мусиқии халқӣ, эҳёи анъанаҳои «устод-шогирд» ва омода намудани мутахассисони ҷавон баланд арзёбӣ шуд.
Таъкид рафт, ки устод Султоналӣ Худойбердиев аз зумраи он муҳаққиқонанд, ки фаъолияти илмӣ, ташкилӣ ва омӯзгориашон дар омӯзиши мероси мусиқии халқи тоҷик, омода намудани мутахассисони ҷавон ва идомаи анъанаҳои беҳтарини мусиқии тоҷик дар давраи Истиқлол пайванд аст.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»