Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ: Масъалаҳои журналистикаи муосир: муаммо ва дурнамо

Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи олимону муҳаққиқони соҳа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Нахуст иштирокдорон аз дастовардҳои кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, ки дар даромадгоҳи бино ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Рухсора Давлатзода ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки дар шароити муосир пешравии давлату ҳукумат ва таъмини рушди босуботи он, ки яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба оғози як марҳалаи бисёр муҳимми таърихии халқи тоҷик шароит фароҳам овард, мавқеи воситаҳои ахбори омма дарин масир устувор гардида, рушду тавсеа пайдо кард.
“Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”- афзуд Рухсора Давлатзода.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар такя ба чунин андешаҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ дар самтҳои муҳимтарини рушди рӯзноманигорӣ, аз ҷумла таъсиси кафедраи алоҳида, ихтисосҳои нави ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, омода кардани кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ барои матбуоти даврӣ ва телевизионҳои маҳалливу марказӣ ва инчунин таъсис додани лабораторияҳои тахассусӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Дотсент Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Журналистикаи тоҷик ва чолишҳои нави ҷаҳони муосир” (Дар мисоли маводи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ), Илҳоми Ҷамолиён, раиси Суғдии Иттифоқи журналиститони Тоҷикистон ва дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва журналистика: имкониятҳо ва муаммоҳо” маърӯза ироа намуданд.
Таҳти унвони “Конвергенсия, краудсорсинг, менеҷменти нуфуз ва симои иҷтимоии ширкат” дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) маърӯза намуд.
Зимнан маърӯзачиён масъалаҳои таъсири зеҳни сунъӣ ба журналистика ва муаммову имконияти он, муборизаҳои нави ҷаҳони мосир ва журналистикаи тоҷик ва дигар масоли мубрами рӯзноманигориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Конференсия кори худро дар ду бахш вобаста ба масъалаҳои журналистикаи муосир идома бахшид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия наздики 80 мақолаи илмӣ ворид гардида, он дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр хоҳад расид.
Маркази иттилоот ва таҳлил