КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ САОДАТИ ХАЛҚ
Таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – раҳнамои саодати халқ» 27 январи соли 2026 дар толори раёсати Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ироа гардид, барои тамоми ҷомеа, бахусус аҳли илму маориф санади муҳимми сиёсиву стратегӣ ва роҳнамои амал маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки дар Паём самтҳои калидии рушди давлату ҷомеа, аз ҷумла нақши ҳалкунандаи илм, такмили раванди таълим, сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ бо таҳлили амиқ ва муайянсозии ҳадафҳои дарозмуддат ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд. Зикр шуд, ки дар меҳвари Паёми Сарвари давлат ва сиёсати маънавибунёди Ҳукумати кишвар масъалаи рушди сармояи инсонӣ, илму маориф ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир қарор дошта, Пешвои миллат бо итминон таъкид намуданд, ки ояндаи устувори давлату миллат мустақиман ба сатҳу сифати таҳсилот, рушди илми муосир, тавоноии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутобиқати низоми маориф ба талаботи ҷаҳони муосир вобастагии зич дорад.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Абдураҳмон дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар», номзади илмҳои геология-минералогия, муоивини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Ятимзода Содиқ дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат ва ҳалли масъалаҳои обу тағйирёбии иқлим» ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Паём – сарчашмаи худшиносиву худогоҳии миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа намуданд.
Дар маърӯзаҳо масъалаҳои нақши иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир дар рушди саноат, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аҳаммияти илм ва ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, Паёми Пешвои миллатро ҳамчун омили муҳимми таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва болоравии сатҳи маърифати сиёсиву фарҳангии ҷомеа арзёбӣ карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил