Конференсияи маҷозӣ: Масъалаҳои филологӣ – дар нигоҳи тадқиқотчиёни ҷавон
Дирӯз дар толори хурди раёсати Донишгоҳ конференсияи 8-уми илмӣ-амалии байналхлқӣдар мавзуи “Масъалаҳои филологӣ – дар нигоҳи тадқиқотчиёни ҷавон”, ба тариқи маҷозӣ дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни факултети филологияи филологияи ӯзбек ширкат варзиданд.
Дар анҷумани мазкур мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Истамқулов баромад намуда, доир ба робитаҳои ҳамкорӣ ибрози назар намуд. Конференсия ба кори худ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва забони русӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар конференсияи мазкур донишҷӯёни факултети филологияи ӯзбек дар шуъбаҳои “Муаммоҳои забоншиносии умумӣ”, “Масъалаҳои адабиётшиносии ҷаҳон, адабиётшиноси муқоисавӣ ва тарҷимашиносӣ” ва “Муаммоҳои адабиёти халқҳои туркӣ ва адабиётшиносӣ” маърӯза ироа намуданд.
Дар конференсияи маҷозӣ муҳимтарин масъалаҳои филологӣ мавриди таҳлили густардаи муҳаққиқони ҷавони ватаниву хориҷӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил