Конференсияи илмии магистрантон

Дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим конференсияи илмӣ-анъанавии бахши магистрантон бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” доир гардид.

Дар доираи кори конференсия аз ҷониби магистрантон як қатор маърузаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, дар мавзуи “Хусусиятҳои низоми рушдёбандаи самти таълими нақшакашӣ дар муассисаҳои таҳсилоти муосир”, “Ташаккул додани арзишҳои бадеии донишҷӯён тавассути асарҳои санъати тасвирӣ”, “Ташаккули қобилияти меҳнативуэҷодии донишҷӯён дар офаридани асарҳои санъати ороиши амалӣ”, “Санъати тасвирӣ ҳамчун омили ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-маънавии хонандагон” маърузаҳо ироа гардиданд.

Аз ҷониби устодони кафедра 3 маърузаи магистрантон беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ