Конференсияи илмӣ-анъанавии устодони факултети забонҳои шарқ

Чун анъана ҳамасола дар моҳи апрел конфронси илмии устодону унвонҷўён ва магистрантону донишҷўён баргузор мегардад. Дар робита ба ин дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзї дар соҳаи илму маориф, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рўзи илми тоҷик конференсия баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки конференсияи бахши устодон ва олимони ҷавон дар 3 бахш доир гардида, дар он намояндаи раёсати донишгоҳ доктори илмњои филологӣ, профессор Насимҷон Ҳамробоев иштирок ва суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар кори бахшҳо масъалаҳои адабиётшиносӣ ва равобиити адабии арабу аҷам, забоншиносӣ, забонишиносии муқоисавӣ, лекикологияву лексикография ва усули таълим ва усули таҳқиқ мавриди баррасии густарда қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ