КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АНЪАНАВИИ МАГИСТРАНТОН: «МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ»

Дар толори раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-анъанавии магистрантон таҳти унвони «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур, ки ҳашт сол инҷониб дар сатҳи Донишгоҳ баргузор мешавад, имсол ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарону устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва магистрантони донишгоҳҳои вилоят иштирок намуданд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ятимзода Содиқ ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, барои рушди илм ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар 15 факултети донишгоҳ аз рӯйи 28 ихтисос зинаи магистратура фаъолият дошта, беш аз 400 нафар магистрант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар зинаи докторантураи PhD аз рӯйи 15 ихтисос зиёда аз 100 нафар ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ҷавонону магистрантон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муассир доранд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм, маориф ва технология барои ташаккули насли соҳибмаърифат ва рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст. Мавсуф саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар омода намудани кадрҳои баландихтисос муҳим арзёбӣ намуда, иштироки фаъолонаи магистрантонро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нишонаи рушди тафаккури илмӣ ва иқтидори зеҳнии ҷавонон унвон кард.

Ҳамзамон, магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят доир ба нақши ҷавонон дар рушди илм, навоварӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ба конференсия беш аз 300 мақолаи илмии магистрантон пешниҳод гардида, онҳо дар 18 бахш мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ