​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: муаммо ва рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳокима шуданд

Конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар бахши устодон ва олимони ҷавони кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг доир гардид. Дар доираи кори конференсия як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Устодони кафедра асосан ба масоили иқтисодиёти рақамӣ, муаммо ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти миллӣ ва некӯаҳолии халқ, баланд бардоштани сатҳи илми тоҷик, тайёр намудани мутухассисони касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, мавзуъҳои “Иқтисоди рақамӣ ва инқилоби чоруми индустриалӣ”, “Баъзе омилҳои таъсиррасон ба рушди сайёҳӣ”, “Тайёр кардани мутахассисон дар шароити иқтисодиёти рақамӣ” ва “Рақамигардонӣ дар соҳаи маориф: ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии он” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ