​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: Масоили мубрами журналистикаи муосир аз ҷониби устодон баррасӣ шуданд

“Расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи воситаҳои суннатии ахбори оммаро маҳдуд карда истодаанд. Дар шароити феълӣ зарурият пеш омадааст, ки мавриди корбасти ин технологияҳои зеҳнӣ дар доираи саводи расонаӣ мавриди омӯзиш қарор гирад”. Ин нукта аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ Илҳом Ҷамолиён ҳини конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ироа ёфт.

Маърӯзаи мавсуф таҳти унвони “Расонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ: мушкилот дар шинохти мафҳумҳо” ироа шуда, дар доираи он оид ба истифодаи бамавриди истилоҳи “расона” ва “шабака”-ҳои иҷтимоӣ, тафриқагузорӣ дар унвони мессенҷеру видеохостинг ва маркетпелесҳо андешаҳои муҳиму муфид ироа ёфт.

Бахши устодони конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дирӯз бо иштироки устодон ва олимони ҷавон сурат гирифта, дар доираи он 11 маърӯза шунида шуд. Дар кори бахш масоили мубрами журналистикаи муосир, саводи расонаӣ, публитсистика ва очерк, тарҷума ва методологияи таълими фанҳои журналистика дар низоми муносибати босалоҳият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, “ВАО дар раванди рушди технологияҳои иттилоотӣ дар мисоли нашрияи “Ҳақиқати Суғд”, “Тадбиқи технологияи иртиботии дидактикӣ дар раванди таълими фанҳои журналистӣ”, “Махсусиятҳои таълими фанни “Назария ва амалияи тарҷума” барои ихтисосҳои филологӣ”, “Проблемаҳои омода намудани кадрҳои журналистӣ”, “Мушкилоти рӯзномаҳои маҳаллӣ дар замони Истиқлол”, “Расонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ: мушкилот дар шинохти мафҳумҳо”, “Саҳми Аминҷон Шукӯҳӣ дар рушди матбуоти тоҷик”, “Таснифи мавзӯӣ ва меъёрии баррасӣ дар матбуоти соҳавӣ”, “Нақш ва аҳамияти корбурди зеҳни сунъӣ дар раванди муосири таълим”, “Таносуби воқеият ва бадеият дар осори ҳаҷвии Баҳриддин Азизӣ”, “Баъзе мулоҳизаҳо оид ба услуби тарҷумаҳои Анвар Олимов” мавзуъҳое буданд, ки перомуни он маърӯзаҳои илмии устодон ироа гардида, муҳокима ёфтанд.

Дар назар аст, ки маърӯзаҳои устодон дар силсилаи чоруми маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир” интишор меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ