​Конференсияи илмӣ-анаъанавии устодон ва магистрантон

Дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим конференсияи илмӣ-анъанавии бахши устодон ва магистрантон доир гардид. Дар бахши устодон дар мавзуъҳои “Мавқеи нақшҳои геометрӣ дар равнақ додани қобилияти эҷодии донишҷӯён”, “Истифодаи мавҳумҳои геометрӣ дар раванди таълими нақшакашӣ”, “Роҳҳои ташаккулдиҳии қобилияти эҷодии донишҷӯён дар дарсҳои нақшакашӣ”, “Мавқеи фанни нақшакашӣ дар ташаккули саводнокии техникии донишҷӯён”, “Воситаҳои ташаккули маҳорати эҷодии донишҷӯён дар дарсҳои квиллинг”, “Нақши кулолгарӣ дар рушди соҳаи ҳунармандӣ”, “Шартият ва соддакунӣ дар нақшаҳои васлия”, “Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон”, “Такмили омодагии муаллимони ояндаи санъати тасвирӣ дар асоси муносибати фардӣ”, “Графикаи компютерӣ ва тағйирёбии он бо ташаккули технологияҳо” ва “Мавқеи санъати квиллинг дар инкишофи қобилияти эҷодии кӯдакон” ва ғайра маърӯзаҳо ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши магистрантон 7 маърӯза шунида шуд.

Дар ҳар ду бахш бо назардошти муҳтаво ва аҳамияти маърӯзаҳо ғолибон муайян карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ