​КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ВИЛОЯТӢ: «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА ГРАФИКӢ: ДУРНАМО ВА ТАМОЮЛҲО»

Дар Арт-галереяи «Монӣ»-и факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами илмҳои дақиқ ва графикӣ: дурнамо ва тамоюлҳо» конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин таҳкими робитаи илм, маориф ва истеҳсолот равона карда шуд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент Ятимзода Содиқ Бақо ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳаммияти илмҳои дақиқ ва графикӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози назар намуд.

Дар идомаи конференсия як қатор устодону муҳаққиқон, аз ҷумла Салимбой Ҳасанов дар мавзуи «Таъсири санъати Юнони Қадим ба ташаккул ва рушди санъати ҷаҳонӣ», Бимукаррам Дадобоева дар мавзуи «Роҳҳои баландбардории сифати таълими фанҳои технология (таълими меҳнат)» ва Фарҳодҷон Яҳёев дар мавзуи «Нақши дизайн ва эргономика дар сохтани ҷузъҳои моддӣ» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои вобаста ба нақши санъати қадим дар ташаккули санъати муосир, роҳҳои такмили сифати таълими фанҳои технология, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои инноватсионӣ дар раванди таълим, инчунин аҳаммияти дизайн ва эргономика дар офариниши муҳити моддӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия директори Китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, дотсенти факултети физика Мӯминҷон Шамсиддинов, дотсентони факултети таърих ва ҳуқуқ Шавкат Шарипов ва Сафаралӣ Эркаев, инчунин номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов оид ба масъалаҳои матраҳгардида андешаву пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аҳаммияти густариши ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, рушди истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ таъкид гардида, нақши илмҳои дақиқ ва графикӣ дар таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҷомеа махсус зикр шуд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ