​Конференсияи илмӣ-амалӣ: “ВИЧ – СПИД – вабои аср ”

Бо ташаббуси кафедраи тиббӣ-биологии факултети биология ва химия дар мавзуи “ВИЧ – СПИД – вабои аср” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Ташаббуси мазкур ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВИЧ СПИД, ки ҳамасола дар таърихи 1 декабр қайд мегардад, ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази пешгирӣ бо ВНМО дар вилояти Суғд Наврӯзов Абдуҷаббор иштирок намуд.

Дар доираи ин иқдом дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ маърӯзаҳо ироа шуданд.

Ҳамзамон, саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ