КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Имрӯз бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори калони Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин конференсияро ҳусни оғоз бахшида, таъкид сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дониста, онро барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда унвон намудаанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой паёми табрикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки мардуми сарбаланди кишвар ин санаи фархундаву сарнавиштсозро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор, давлатдории миллӣ ва дарки масъулияти баланд истиқбол менамоянд.
Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ зимни суханронӣ ҷашни Ваҳдати миллиро, ки аз имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма мегирад, барои насли имрӯзу фардо чун иди муқаддаси миллии тоҷикон унвон намуд.
Дар идома директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ, Нуралӣ Нуров дар мавзуи «Фурӯғи фардоафрӯзи ваҳдати миллӣ», дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ Шавкат Шарипов дар мавзуи «Ваҳдат – зодаи фарҳанг ва тафаккури миллии мост», мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Фаррух Ҳусейнов дар мавзуи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво баён намуданд.
Конференсияи илмӣ-амалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил