Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Паём ва дурнамои рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ таҳти унвони “Паём ва дурнамои рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар конференсияи илмӣ-амалӣ муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло, декани факултети таърих, дотсент Ҷабборзода Иброҳим иштирокнамуданд.
Маҳмудзода Бахтиёр, муовини ректор оид ба тарбия дар мавриди муҳтаво ва нақши маориф дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар Паём барномаи мукаммали равнақу ривоҷи мамлакат, роҳҳои ба даст овардани истиқлолияти озуқаворӣ, энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, вазифаҳои тмуассисаҳои таълимиву тарбиявӣ муайян карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи нави тараққиёт – марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ба дараҷаи баланди худ расида истодааст.
“Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки соҳаи маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфӣ ба миён оварад, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд”-афзуд Маҳмудзода Бахтиёр.
Дар баромади профессор Сабурӣ Хайрулло таҳти унвони “Масъалаҳои рушди илми ватанӣ ва мактабу маориф дар Паём” зикр гадид, ки дар сиёсати созанда ва халқпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мақоми хосаи худро касб намудааст. Аз рӯзҳои аввали Сарвари мамлакат интихоб гардидан, Пешвои миллат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, дилпурона изҳор намуда буданд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар мадди аввал мегузорам”.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба аҳли илму маориф ва зина ба зина рушд ёфтани низоми таҳсилот дар мамлакат аз ғоя ва ормонҳои маорифпарварона ва маънавиятгароёнаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Бо баробари ҳама мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ғояи устувори соҳаи маорифро бунёд намуда, дар ин даврасатҳ ва сифати маълумотро ҳамқадами замон гардонад. Дар натиҷа муҳимтарин меъёр ва талаботи низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ дар кӯтоҳтарин фурсат дар кишвар татбиқ гардида, ба камол расидани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷаҳони муосир шароит фароҳам оварда шуд.
Дар идома декани факултети таърих, дотсент Ҷабборзода Иброҳим доир ба мавзуи “Паёми Пешвои миллат-дастури зиндагии босаодати ҷавонон” маърӯза намуда, нуктаҳои меҳварии дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишварро, ки ба тарзи босаодати зиндагии халқи кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, мавқеи ҷавонону занон дар кишвар равона шудаанд, таъкид дошт.
Дар ҷамъбастӣ чорабинӣ декани факултет Шарифиён Муқаддас иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали корӣ барои ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба хотири ободию осоиштагӣ, муттаҳидию сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии мамлакат ироа мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил