Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни башарӣ”

Дар маҷлисгоҳи факултети таърих ва ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни башарӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Чорабиниро намояндаи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти чорабинии Наврӯз суханронӣ намуд.
Сипас, тибқи барнома Солиҷонов, доктори илмҳои фалсафа оиди “Ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни башарӣ”, Фармонова, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар бораи “Саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз”, Ҳусейнов, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ дар мавзуи “Анъанаҳои миллии ҷашни Наврӯз” маърӯза намуданд.
Дар қисми фарҳангӣ толибилмони Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Бустон баромад намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил