​Конференсияи илмӣ-амалӣ: Ёде аз донишманди соҳибном ва муаррихи номвар Шавкат Охунов

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Устод, олим ва сарвари соҳибназар” конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба маҳфили ёдбуди Аълочии маорифи Тоҷикистон,донишманди соҳибном ва муаррихи номвар, номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Охунов, ки ба ифтихори 95-солагии эшон баргузор гардид, хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургдошт ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи фарзандони содиқи Ватан ба маврид қайд намудаанд, ки зиндагиномаи ҳар як шахсияти маъруфи Тоҷикистон мактаби бузурги таҷрибаи ҳаёт мебошад.

Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки яке аз чунин шахсиятҳои номӣ, ҷоннисори илму маърифат, донишманди фозил номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Охунов мебошанд, ки умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажӯҳиши масоили мубрами халќи тољик, таълиму тарбияи шогирдони зиёди ин ришта сарф намудаанд.

“Шавкат Охунов ҳамчун олими шинохта муаллифи бештар аз 20 кори илмӣ ва 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Хизматҳои арзандаю садоқатмандонаи ӯ бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва чандин Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд. Ба назари мо, устод Шавкат Охунов дар шумори инсонҳои оқилу дурандеш, хушмуомилаю суҳбаторо, нуқтасанҷу пурдон ва меҳнатқарин ќарор доштанд, ки умри бобаракоти хешро бо таҳаммулпазирӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстиву маърифатпарварӣ сарф намуда, намунаи ибрати дигарон буданд” – қайд намуд профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ.

Пайроҳаи зиндагӣ, хислатҳои наҷиби шахсӣ, маҳорати баланди касбии Шавкат Охунов дар баромади намояндаи мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ шарҳ ёфтанд.

Юлдошев Рустам, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ таҳти унвони “Шавкат Охунов – олими фозил ва инсони комил” ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Шарифов Шавкат перомуни “Таҳаввулоти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистони шӯравӣ дар осори муҳаққиқ Шавкат Охунов” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд, ки ҷиҳати шинохти шахсият ва аҳамияти осори шодравон арзишманд мебошанд.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони устод Шавкат Охунов хотираҳои хубу мондагор шунида шуданд.

Гуфта шуд, ки номи неку кори неки устоди маъруф Шавкат Охунов дар дилу дидаҳои шогирдон ва мардуми сарбаланди диёрамон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Изҳори бовар шуд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯза аз кору фаъолияти шахсони ватандӯст, ба монанди устод Шавкат Охунов сабақи ҳаёт меомӯзанд ва барои Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ