​Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Дар факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ифтихори мост” бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони факултет баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки мақсади асосии баргузории конференсияи мазкур арҷ гузоштан ва пос доштани ҷашни миллӣ аст.

Конференсияи илмӣ-амалиро сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ахмедова Дилафрӯз оғоз намуда, қайд кард, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки нишон аз арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Роҳбари давлат аст.

Таъкид гардид, ки баробари Истиқлолият ба халқи мо роҳбарернасиб гардид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад.

Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ва ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.

Донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди давлат ва давлатдорӣ, таъмини субот ва фазои ором дар мамлакат таъкид доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ