​Конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии педагогӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ тибқи Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни курси 4-уми шуъбаи рӯзона конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзон гузаронида шуд. Дар конференсияи ифтитоҳӣ декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Меҳриниссо Абдуллоева, муовинони декан, мудири кафедраҳо ва методистони зергурӯҳҳо ва педагогону равоншиносон иштирок доштанд.

Зимни конференсия зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи донишҷӯён ба соҳаи маориф нигаронида шуда, таҷрибаомӯзии педагогӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки донишҳои назириявиашонро дар ин марҳила дар амал татбиқ намуда, дар ниҳоди ҳар яки онҳо меҳру шавқатро нисбати касби интихоб кардаашон бедор намояд.

Зимни конференсияи ифтитоҳӣ мақсад ва вазифаҳои донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ муфассал аз тарафи маърӯзачиён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хусусӣ фаҳмонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ