​Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ: “Тағирёбии иқлим: пиряхҳо ва захираҳои оби Осиёи Марказӣ”

Дар толори раёсати донишгоҳ таҳти унвони “Тағирёбии иқлим: пиряхҳо ва захираҳои оби Осиёи Марказӣ” конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур ба муносибати “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои устувор”” ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” роҳандозӣ шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ таъкид дошт, ки сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла муаммоҳои соҳаи геология ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим шароити мусоидро фароҳам овард.

“Пешвои муаззами миллат дар тамоми суханрониҳояшон доир ба пайдо шудани ниёзҳои мардум ба об, ашё ва ғизо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин замина дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод менамоянд. Сарвари давлат дар мавриди оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки таъсироти он пеш аз ҳама ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд ба мушоҳида мерасад, мулоҳизаронӣ намуда, дар суханрониҳояшон дар яке аз минбарҳои байналмилалӣ чунин таъкид доштанд: “Солњои охир гарм шудани иќлими сайёра идома дорад ва ин барои Тољикистон боз як хатари нав ба вуљуд овардааст, ки он бо суръати ѓайримуќаррарї об шудану торафт кам гардидани майдони мављудаи пиряхњо дар кўњистон мебошад. Агар ба ин раванд дараљаи баланди афзоиши ањолиро, ки ба Осиёи Марказї бештар хос аст, зам кунем, пас тасаввур намудан душвор нест, ки масъалаи таъминоти ањолї бо оби тоза дар оянда то чї андоза шадидтар хоњад шуд”- афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Таъкид рафт, ки ин огоҳӣ ва дурандешии Сарвари давлат имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ ба сифати як масъалаи мубрам табдил ёфта, Тоҷикистонро дар ин арса ҳамчун як кишвари пешоҳанг ва ташаббускор муаррифӣ намуд.

Роҳбари донишгоҳ аз ибтикороти донишгоҳ дар самти тарбияи мутахассисони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ хотиррасон гардида, зикр дошт, ки айни ҳол дар факултети геоэкология ва туризм 2 доктори илм, 5 номзади илм ва беш аз 6 унвонҷӯ ба таҳқиқотҳои гидрологӣ ва глятсиологӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин дар донишгоҳ дар доираи чунин ташаббусҳои сатҳи баланд як марказӣ глятсиологӣ таъсис ёфта, осорхонаи минералогӣ ва петрографӣ ва озмоишгоҳи таълимӣ -таҳлилӣ мавриди истифода қарордода шуданд.

Дар идома профессори кафедраи географияи табии факултети геоэкология ва туризм Абдураҳимов Садриддин таҳти уновни “Проблемаҳои инноватсионӣ-гидрологии идоракунии оби сойҳои хурди қаторкӯҳи Қурама” ва докторанти кафедраи географияи табии факултети геоэкология ва туризм Раҳимов Озод дар мавзуи “Тавсифи мухтасари пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон” маърӯза намуданд.

Изҳори умед шуд, ки конференсияи байналмилалии илмӣ – амалии “Тағирёбии иқлим: пиряхҳо ва захираҳои оби Осиёи Марказӣ” барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки бевосита мерасонад ва ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, рӯи кор омадани асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ