Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: “Муаммо ва дурнамои рушди илми физика”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Муаммо ва дурнамои рушди илми физика” доир гардид. Конференсияи мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии профессор Хуршед Абдуллозода, 75-солагии ду муҳаққиқи барҷастаи илми физика, профессорон Юсуфхӯҷа Султонов ваИсматулло Файзиев ва 65-солагии профессор Ҳакимхӯҷа Тошхӯҷаевич ташкил шуд.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуллоев Ромиз конференсияро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар ҳама давру замон илм ва маориф омили муҳимтарини пешрафти давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, он ҳамчун меҳвари асосӣ барои фароҳам овардани шароити шоистаи мардум ва рушди босуботи кишвар хидмат мекунад.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, солҳои 2020-2040 - ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022-2026 - ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Пас аз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳамчун яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ ҷиҳати сари вақт роҳандозӣ намудани чунин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат чорабиниҳои гуногунсатҳро роҳандозӣ намуда, дар ин замина тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуда истодааст. Факултети физикаю техника яке аз факултетҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор меравад, ки айни ҳол дар факултет 60 нафар устодону кормандон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2 нафар доктори илмҳои физика математика профессор 17 нафар номзадони илм, дотсентон ва 1 нафар номзади илм, профессор мебошанд” – афзуд Ромиз Абдуллоев дар идомаи суханронӣ.
Қайд гардид, ки нашри монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар ин факултет хуб ба роҳ монда шуда, дар давоми панҷ соли охир наздики 70номгӯи асарҳои онҳо ба нашр расидаанд, ки аз онҳо 8-тоаш китобҳои дарсӣ бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (12-тоаш монографияҳои илмӣ)нашр гардида, дастраси донишҷӯёну магистрантон ва устодон гардидааст. Аз ҷумла, дар факултет 1 лоиҳаи илмӣ татбиқ гардида, минбаъд низ ин раванд идома дода мешавад.
Дар идома Расулов Рустам Явкачович – профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Фарғона, Абдулазизов Баҳром – профессори Донишгоҳи давлатии Намангон, Умаров Мақсудҷон–профессори Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Низомов Зиёвуддин – дотсенти Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Юсупов Зарифҷон–дотсенти Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, декани факултети физикаю техника Қаюмзода Абдумалик Қаюм маърӯза намуданд.
Қайд гардид, ки дар ҳақиқат, имрӯз илму фан ё технология ба муҳаррики рушди таърихии ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият медиҳад.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузор намудани конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалии «Муаммоҳо ва дурнамои рушди илми физика» низ дар он аст, ки нақши ҳамин гуна илмҳои барои ҷомеаи имрӯза зарур барои донишҷӯён тавзеҳ дода шавад ва корҳои дар ин замина анҷомёфта, дар шакли маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимон ва донишмандони соҳа ба нашр расонида шавад.
Хотиррасон менамоем, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия зиёда аз 220 мақолаи илмӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистону Федератсияи Руссия ворид гардидаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил